ПАХШ / ХОМӮШ: АКСҲО: ҲУРУФ: A A A ПАСНАМО: Ц Ц Ц Ц

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак
дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

МЕНЮ
26
апрели
2019

ИШТИРОКИ ВАКОЛАТДОР ОИД БА ҲУҚУҚИ КӮДАК ДАР МУАРРИФИИ БАРНОМАИ НАВИ ТАЪЛИМӢ

Санаи 26 апрели соли ҷорӣ Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак – Ҳабибулозода Р.Ҳ. дар маросими муаррифии Барномаи нави таълимии фарогир оид ба таҳрезии графикӣ ва дастгирии шуғл барои ҷавонони дорои маъюбият иштирок ва суханронӣ намуд.

Зимни суханронӣ Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар ҶТ қайд намуд, ки Ҳукумати ҶТ барои беҳтар намудани вазъи иҷтимоии кӯдакони маъюб, фароҳам овардани шароитҳои мусоиди солимгардонӣ, омодагии касбӣ ва фароғативу истироҳатии онҳо чораҳои муассир меандешад.

Аз ҷониби Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба имзо расонидани Конвенсияи СММ оид ба ҳуқуқҳои маъюбон ҳамчун иқдоми тозаи Ҳукумати ҶТ дар ҳифз ва пешбурди ҳуқуқҳои шахсони маъюбиятдошта мебошад.

Инчунин зикр гардид, ки ВҲК ҶТ низ дар Стратегияи фаъолияти худ барои солҳои 2018–2020 мусоидат ба таҳсили босифат дар муҳити фарогирро чун самти афзалиятноки фаъолияти худ интихоб намудааст.

Қобили зикр аст, ки чорабинии мазкур аз ҷониби Ташкилоти ҷамъиятии “Ирода”, ки дар самти солимгардонӣ ва тавонбахшии кӯдакони дорои аутизм фаъолият менамояд, доир карда шуд.


Эмомалӣ Раҳмон

Сухани Президент-3 Сухани Президент-4 Сухани Президент-5 Сухани Президент-6 Сухани Президент-1 Сухани Президент-2 Сухани Президент-7

Сухани Президент-3

Бо мақсади таъмини ҳифзи ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамоям, ки институти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак таъсис дода шавад. Э.Раҳмон

Сухани Президент-4

Таълиму тарбияи кӯдакону наврасон яке аз масъалаҳои муҳими сиёсати иҷтимоии давлат ба ҳисоб меравад. Э.Раҳмон

Сухани Президент-5

Агар мо хоҳем, ки Тоҷикистонро дар оянда ободу осуда гардонем, имрўз бояд барои наврасону ҷавонони соҳибистеъдоди ҷўянда шароит фароҳам оварем. Э.Раҳмон

Сухани Президент-6

Воқеан, кӯдакон ояндаи осудаву ободи ҳар як миллат, сарвати бебаҳои ҳар як оила, ҷомеа ва давлат ба шумор мераванд ва онҳо бахту саодати рӯзгори ҳар як падару модар мебошанд. Э.Раҳмон

Сухани Президент-1

Кӯдакони имрӯза фардо ҳамчун насли ватандӯст ва номбардори Тоҷикистони азизамон ба воя мерасанд. Э.Раҳмон

Сухани Президент-2

Имрӯз барои таълиму тарбияи кӯдакону наврасон тамоми шароит муҳайё гардидааст. Э.Раҳмон

Сухани Президент-7

Наврасону ҷавонони моро зарур аст, ки ба қадри сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва истиқлолу озодӣ расанд ва ҳамчун насли ояндасоз ба хотири ҳифзу таҳкими дастовардҳои он саъю талош намоянд. Э.Раҳмон

Назарпурсӣ

Сабабҳои сари вақт ба кўдакон нагирифтани шаҳодатномаи таваллудро дар чӣ мебинед?

girl boy

Омодакунандаи сомона DarAmal