ПАХШ / ХОМӮШ: АКСҲО: ҲУРУФ: A A A ПАСНАМО: Ц Ц Ц Ц

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак
дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

МЕНЮ

girl boy2

Тақвими хабарҳо

Август 2019
Дн Сш Чн Пш Ҷм Шб Ян
29 30 31 1 2 3 4
5 6 7 8 9 10 11
12 13 14 15 16 17 18
19 20 21 22 23 24 25
26 27 28 29 30 31 1

girl boy3

22
июли
2019

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба раванди муҳоҷирати меҳнатӣ аҳамияти хосса медиҳад

Тибқи даъвати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 19 июли соли 2019 Ваколатдор оид ба ҳуқуқҳи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардори шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ва сардори шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои кӯдаки Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалӣ дар мавзӯи “Равандҳои муҳоҷират дар кишварҳои Осиёи Марказӣ: ҷанбаҳои иҷтимоӣ-иқтисодии илм ва таҷриба” иштирок намуданд.

Дар кори Конференсия намояндагони вазорату идораҳои дахлдори давлатӣ, корпусҳои дипломатӣ, созмонҳои байналмилалӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, диаспораҳои тоҷикон, олимон, коршиносон, аспирант ва магистрантҳо, инчунин намояндагони васоити ахбори омма иштирок намуданд.

Дар сессияҳои алоҳида иштирокчиён дар мавзӯъҳои «Муҳоҷирати меҳнатии байналмилалӣ ва раванди иҷтимоӣ-иқтисодӣ», «Оқибатҳои иҷтимоӣ ва иқтисодии муҳоҷират», «Вазъи муҳоҷирон дар кишварҳои қабулкунанда: имконият ва чолишҳо», «Таъсири муҳоҷират ба оила ва кӯдакон», «Занон ва кӯдакон дар раванди муҳоҷират», «Имконияти мутобиқсозии муҳоҷирони баргашта ва бо кор таъминкунии ҷавонони бекор» маърӯзаҳои пешниҳодшударо мавриди баррасӣ ва муҳокимаи ҳамаҷониба қарор доданд.

Аз натиҷаи баррасӣ ва муҳокимаи мавзӯъҳои зикргардида тавсияҳои дахлдор қабул карда шуданд. Аз ҷумла, дар мавриди таъсири раванди муҳоҷират ба кӯдакон қайд карда шуд, ки таҳлилҳо дар самти вазъи кӯдакони зери таъсири муҳоҷират қарордошта ҷузъӣ ва пароканда буда, мувофиқи мақсад аст, ки дар самти мазкур таҳлили амиқ бо фарогирии ҳамаи ҷанбаҳои масъала гузаронида шавад. Аз ин лиҳоз, мувофиқи мақсад шуморида шуд, ки фаъолияти ҳамаи ҷонибҳои манфиатдор аз ҷониби яке аз вазоратҳои дахлдор ҳамоҳанг сохта шуда, ҷиҳати тақвият додани пешбурди ҳуқуқу озодиҳои занон ва кӯдакони зери таъсири муҳоҷират қарордошта чораҳои муассир андешида шаванд.

Кори Коференсияи байналмилалиро Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Тағойзода С.С. ҷамъбаст намуда, аз ҷумла изҳори боварӣ намуданд, ки тавсияҳои Конференсия ҷиҳати андешидани чораҳои мақсаднок ва танзими минбаъдаи равандҳои муҳоҷирати меҳнатӣ мусоидат менамоянд.


Эмомалӣ Раҳмон

Сухани Президент-3 Сухани Президент-4 Сухани Президент-5 Сухани Президент-6 Сухани Президент-1 Сухани Президент-2 Сухани Президент-7

Сухани Президент-3

Бо мақсади таъмини ҳифзи ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамоям, ки институти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак таъсис дода шавад. Э.Раҳмон

Сухани Президент-4

Таълиму тарбияи кӯдакону наврасон яке аз масъалаҳои муҳими сиёсати иҷтимоии давлат ба ҳисоб меравад. Э.Раҳмон

Сухани Президент-5

Агар мо хоҳем, ки Тоҷикистонро дар оянда ободу осуда гардонем, имрўз бояд барои наврасону ҷавонони соҳибистеъдоди ҷўянда шароит фароҳам оварем. Э.Раҳмон

Сухани Президент-6

Воқеан, кӯдакон ояндаи осудаву ободи ҳар як миллат, сарвати бебаҳои ҳар як оила, ҷомеа ва давлат ба шумор мераванд ва онҳо бахту саодати рӯзгори ҳар як падару модар мебошанд. Э.Раҳмон

Сухани Президент-1

Кӯдакони имрӯза фардо ҳамчун насли ватандӯст ва номбардори Тоҷикистони азизамон ба воя мерасанд. Э.Раҳмон

Сухани Президент-2

Имрӯз барои таълиму тарбияи кӯдакону наврасон тамоми шароит муҳайё гардидааст. Э.Раҳмон

Сухани Президент-7

Наврасону ҷавонони моро зарур аст, ки ба қадри сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва истиқлолу озодӣ расанд ва ҳамчун насли ояндасоз ба хотири ҳифзу таҳкими дастовардҳои он саъю талош намоянд. Э.Раҳмон

Назарпурсӣ

Сабабу омилҳои ба оворагардӣ машғул шудани наврасонро дар чӣ мебинед?

girl boy

Омодакунандаи сомона DarAmal