ПАХШ / ХОМӮШ: АКСҲО: ҲУРУФ: A A A ПАСНАМО: Ц Ц Ц Ц

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак
дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

МЕНЮ
16
сентябри
2019

Иштироки кормандони Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конференсияи дуюми минтақавӣ оид ба масъалаҳои ҳуқуқ ба фардият ва пешгирии бешаҳрвандӣ дар шаҳри Нур-Султони Ҷумҳурии Қазоқистон

Тибқи супориши Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзҳои 5-6 сентябри соли 2019 сардор ва сармутахассиси Шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои кӯдаки Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Содиқов А.М. ва Маҷидов П.Б. дар Конференсияи дуюми минтақавӣ оид ба масъалаҳои ҳуқуқ ба фардият ва пешгирии бешаҳрвандӣ дар мавзӯи “Ҳеҷ кас набояд ҳангоми таваллуд фаромӯш шавад” дар шаҳри Нур-Султони Ҷумҳурии Қазоқистон иштирок намуданд.
Дар чорабинии мазкур намояндагони ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна аз ниҳодҳои миллии ҳифзи ҳуқуқи инсон, сохторҳои САҲШ, вазоратҳои корҳои дохилӣ, омори давлатӣ ва сохторҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, инчунин намояндагони Дафтарҳои минтақавии Комиссариати Олии СММ оид ба ҳуқуқи гурезагон (УВКПБ), Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) ва Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ дар Осиё ва Уқёнуси Ором (ЭСКАТО) иштирок доштанд.
Конференсияи дуюми минтақавӣ дар доираи амалисозии Нақшаи глобалии амалҳо оид ба барҳам додани бешаҳрвандӣ барои солҳои 2015-2024 баргузор гардида, натиҷаҳои ба дастомадаи ҷумҳуриҳои минтақаи Осиёи Миёна дар давраи миёнамуҳлат мавриди баррасӣ ва муҳокимаи иштирокчиёни чорабинӣ қарор дода шуд.
Дар Конференсия аз ҷумла намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон низ маърӯза намуда, оид ба дастовардҳои ҷумҳурӣ дар самти мазкур маълумоти муфассал пешниҳод намуданд.
Дар доираи кори Конференсия вохӯрии алоҳидаи роҳбарияти Дафтарҳои минтақавии Раёсати Комиссариати Олии СММ оид ба ҳуқуқи гурезагон (УВКПБ) ва Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ дар Осиё ва Уқёнуси Ором (ЭСКАТО) бо ҳайати намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар вохӯрӣ оид ба омода будани Дафтарҳои мазкур ҷиҳати мусоидат ба Тоҷикистон ҷиҳати пешбурди ҳуқуқ ба фардият ва барҳам додани бешаҳрвандӣ, вазъи сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва омодагии Тоҷикистон ба Чорабинии сатҳи баланд оид ба масъалаҳои мазкур, ки 7 октябри соли 2019 дар Женева баргузор мегардад, мубодилаи афкор доир гардид. Ба ҳамкорони рушд аз ҷониби роҳбари ҳайати намояндагони Тоҷикистон Ш. Нодирӣ маълумоти муфассал пешниҳод карда шуд.
Дар интиҳо кори Конференсия аз ҷониби Директори Маркази миллии Ҷумҳурии Қазоқистон оид ба ҳуқуқи инсон С. Осланов ва Директори Дафтари РКОҲГ барои минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором Индрика Ратватте ҷамъбаст карда шуда, иштирокчиён бо дарназардошти таклифу пешниҳодҳои баёншуда Хулосаҳои Конференсияи дуюми минтақавиро қабул намуданд.

Эмомалӣ Раҳмон

Сухани Президент-3 Сухани Президент-4 Сухани Президент-5 Сухани Президент-6 Сухани Президент-1 Сухани Президент-2 Сухани Президент-7

Сухани Президент-3

Бо мақсади таъмини ҳифзи ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамоям, ки институти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак таъсис дода шавад. Э.Раҳмон

Сухани Президент-4

Таълиму тарбияи кӯдакону наврасон яке аз масъалаҳои муҳими сиёсати иҷтимоии давлат ба ҳисоб меравад. Э.Раҳмон

Сухани Президент-5

Агар мо хоҳем, ки Тоҷикистонро дар оянда ободу осуда гардонем, имрўз бояд барои наврасону ҷавонони соҳибистеъдоди ҷўянда шароит фароҳам оварем. Э.Раҳмон

Сухани Президент-6

Воқеан, кӯдакон ояндаи осудаву ободи ҳар як миллат, сарвати бебаҳои ҳар як оила, ҷомеа ва давлат ба шумор мераванд ва онҳо бахту саодати рӯзгори ҳар як падару модар мебошанд. Э.Раҳмон

Сухани Президент-1

Кӯдакони имрӯза фардо ҳамчун насли ватандӯст ва номбардори Тоҷикистони азизамон ба воя мерасанд. Э.Раҳмон

Сухани Президент-2

Имрӯз барои таълиму тарбияи кӯдакону наврасон тамоми шароит муҳайё гардидааст. Э.Раҳмон

Сухани Президент-7

Наврасону ҷавонони моро зарур аст, ки ба қадри сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва истиқлолу озодӣ расанд ва ҳамчун насли ояндасоз ба хотири ҳифзу таҳкими дастовардҳои он саъю талош намоянд. Э.Раҳмон

Назарпурсӣ

Сабабу омилҳои ба оворагардӣ машғул шудани наврасонро дар чӣ мебинед?

girl boy

Омодакунандаи сомона DarAmal