ПАХШ / ХОМӮШ: АКСҲО: ҲУРУФ: A A A ПАСНАМО: Ц Ц Ц Ц

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак
дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

МЕНЮ
22
октябри
2019

Сафари кории Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ноҳияҳои Дӯстӣ ва Ҷ.Балхии вилояти Хатлон

 

Тибқи Нақшаи корӣ Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон - Ҳабибуллозода Раҷабмо аз 15 то 19 октябри соли 2019 дар ноҳияҳои Дӯстӣ ва Ҷ.Балхии вилояти Хатлон сафари корӣ доштанд.

 

Сафари хизматии мазкур дар доираи амалисозии банди 6 Нақшаи миллии амалҳо ҷиҳати иҷрои тавсияҳо вобаста ба гузориши муттаҳидаи сеюм ва панҷуми Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рафти иҷрои Конвенсияи СММ дар бораи ҳуқуқи кӯдак ва протоколҳои иловагӣ ба он барои солҳои 2018-2022 ва Стратегияи фаъолияти ВҲК ҶТ барои солҳои 2018-2020 бо мақсади баланд намудани огоҳии ҷомеа оид ба Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак, салоҳият ва вазифаҳои ӯ, қабули шаҳрвандон вобаста ба ҳуқуқу озодиҳои кӯдак, инчунин таҳким бахшидани ҳамкориҳои мақомоти давлатӣ ва сохторҳои ҷомеаи шаҳрвандии ноҳияҳои Рашт ва Лахш бо ниҳоди ВҲК ҶТ анҷом дода шуд.

Дар ин раванд Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон - Ҳабибуллозода Раҷабмо бо мақсади тақвият додани ҳамкориҳо ва пешбурди ҳуқуқу озодиҳои кӯдак дар ноҳияҳои Дӯстӣ ва Ҷ.Балхии вилояти Хатлон бо намояндагони сохторҳои дахлдори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ вохӯрданд.

Зимни вохӯриҳо оид ба сиёсати давлат дар самти ҳифзи ҳуқуқҳои кўдакон, амалишавии Конвенсия оид ба ҳуқуқи кӯдак ва протоколҳои иловагии он, вазифа ва нақши Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак, муқаррароти қонунҳои ҶТ “Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак”, “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, “Дар бораи зўроварӣ дар оила”, эҳтироми фикри кӯдакон дар раванди ҳаёти оилавӣ, аҳамияти таълиму тарбияи кӯдак дар оила ва таъсири манфии фиристодани кўдак ба муассисаи будубоши доимӣ маълумоти муфассал пешниҳод намуданд.

Иштирокчиёни вохӯриҳо оид ба ҷанбаҳои гуногуни ҳифзи ҳуқуқи кӯдакон ибрози назар карданд. Аз ҷониби Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон - Ҳабибуллозода Раҷабмо ба иштирокчиёни вохӯриҳо маводҳои иттилоотӣ, аз ҷумла Маърӯзаҳои Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ва Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак барои соли 2018, инчунин брошюраи “Ҳуқуқҳои худро муҳофизат намо” дастрас карда шуда, ҷиҳати тақвият бахшидани корҳо дар самти ҳифзи ҳуқуқи кӯдакон тавсияҳои дахлдор пешниҳод карда шуданд.

         Инчунин бо мақсади тақвият додани фаъолияти комиссияҳои ҳуқуқи кӯдак зимни вохӯриҳо дар маҳалҳо бо раисон ва котибони комиссияҳои ҳуқуқи кӯдак суҳбатҳои алоҳида гузаронида шуда, ҷиҳати пешгирӣ намудани омилҳои номатлуб дар байни ҷавонон, аз қабили муноқишаҳои гурӯҳӣ, нашъамандиву майзадагӣ, шомил гардидан ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ, фарҳанги оиладорӣ ва пош хӯрдани оилаҳои ҷавон тавсияҳои дахлдор пешниҳод карда шуданд.

Дар доираи сафар аз ҷониби гурӯҳи корӣ мониторинги вазъи риояи ҳуқуқи кӯдакон, аз ҷумла кӯдакони ақалиятҳои миллӣ дар чанде аз муассисаҳои кӯдаконаи ноҳияҳои Дустӣ ва Ҷ.Балхӣ, аз ҷумла санҷиши Муассисаи давлатии таълимии мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятим, муассисаи таҳсилоти миёнаи №8 дар ноҳияи Ҷ.Балҳӣ, муассисаи таҳсилоти миёнаи №19 ноҳияи Дӯстӣ гузаронида шуд.

         Хамчунин аз ҷониби гурӯҳи корӣ дар доираи сафари корӣ кӯдаконе, ки аз Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Қазоқистон дар соли 2018 ва 6 моҳи соли 2019 ба Ватан баргардонида шуданд дар ноҳияи Ҷ.Балҳӣ аёдат карда шуданд.

Қобили қайд аст, ки чорабиниҳои дар доираи сафари корӣ пешбинишуда дар ҳамкории зич бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳои Дӯстӣ ва Ҷ.Балхӣ, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда шуданд.


Эмомалӣ Раҳмон

Сухани Президент-3 Сухани Президент-4 Сухани Президент-5 Сухани Президент-6 Сухани Президент-1 Сухани Президент-2 Сухани Президент-7

Сухани Президент-3

Бо мақсади таъмини ҳифзи ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамоям, ки институти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак таъсис дода шавад. Э.Раҳмон

Сухани Президент-4

Таълиму тарбияи кӯдакону наврасон яке аз масъалаҳои муҳими сиёсати иҷтимоии давлат ба ҳисоб меравад. Э.Раҳмон

Сухани Президент-5

Агар мо хоҳем, ки Тоҷикистонро дар оянда ободу осуда гардонем, имрўз бояд барои наврасону ҷавонони соҳибистеъдоди ҷўянда шароит фароҳам оварем. Э.Раҳмон

Сухани Президент-6

Воқеан, кӯдакон ояндаи осудаву ободи ҳар як миллат, сарвати бебаҳои ҳар як оила, ҷомеа ва давлат ба шумор мераванд ва онҳо бахту саодати рӯзгори ҳар як падару модар мебошанд. Э.Раҳмон

Сухани Президент-1

Кӯдакони имрӯза фардо ҳамчун насли ватандӯст ва номбардори Тоҷикистони азизамон ба воя мерасанд. Э.Раҳмон

Сухани Президент-2

Имрӯз барои таълиму тарбияи кӯдакону наврасон тамоми шароит муҳайё гардидааст. Э.Раҳмон

Сухани Президент-7

Наврасону ҷавонони моро зарур аст, ки ба қадри сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва истиқлолу озодӣ расанд ва ҳамчун насли ояндасоз ба хотири ҳифзу таҳкими дастовардҳои он саъю талош намоянд. Э.Раҳмон

Назарпурсӣ

Сабабу омилҳои ба оворагардӣ машғул шудани наврасонро дар чӣ мебинед?

girl boy

Омодакунандаи сомона DarAmal