ПАХШ / ХОМӮШ: АКСҲО: ҲУРУФ: A A A ПАСНАМО: Ц Ц Ц Ц

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак
дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

МЕНЮ
4
декабри
2019

Мизи мудаввари Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз натиҷаи мониторинги муассисаҳои кӯдакона

Рӯзи 4 декабри соли ҷорӣ дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Натиҷаҳои мониторинги муассисаҳои кӯдакона» мизи мудаввари баргузор гардид.

Дар чорабинӣ Муовини Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон - Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон - Раҷабмо Ҳабибулозода, намояндагони вазорату идораҳои дахлдор, раисон ва котибони комиссияҳои маҳаллии ҳуқуқи кӯдак, сохторҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, Хазинаи кӯдакони СММ ва рӯзноманигорони ватанӣ иштирок намуданд.

Бояд зикр кард, ки чорабинии мазкур дар доираи таҷлили 30-солагии Конвенсияи СММ дар бораи ҳуқуқҳои кӯдак, Рӯзи байналмилалии маъюбон ва Ҳафтаи ҳуқуқи инсон баргузор гардид.

Ҳабибулозода Р. зимни сухани ифтитоҳӣ қайд намуданд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ҳифз ва пешбурди ҳуқуқу озодиҳои кӯдак тадбирҳои дахлдор андешида шуда, амалисозии як қатор консепсияву стратегияҳо ва барномаҳои давлатӣ ба роҳ монда шудааст. Консепсияи миллии таҳсилоти фарогир (инклюзивӣ) барои кӯдакони имконияташон маҳдуд барои солҳои 2011-2015, Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2020, Барномаи таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон барои солҳои 2013-2020, Барномаи давлатии тавонбахшии маъюбон барои солҳои 2017-2020, Консепсияи гузариш ба низоми нави таҳсилоти миёнаи умумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумлаи чунин санадҳо мебошанд.

Қайд карда шуд, ки ҷиҳати ҳифз ва пешбурди ҳуқуқи кӯдак ВҲК ҶТ ҳамкориҳои судмандро бо мақомоти давлатӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва созмонҳои байналмилалӣ роҳандозӣ намуда, дар ин раванд як қатор корҳоро ба анҷом расонид. Аз ҷумла, ВҲК ҶТ тибқи Стратегияи фаъолияти худ барои солҳои 2018-2020 мусоидат ба таъмини ҳуқуқи кӯдакони маъюбиятдошта ба таҳсилоти босифат дар муҳити фарогирро самти афзалиятноки фаъолияти худ арзёбӣ намуда, соли ҷорӣ дар ин самт як қатор тадбирҳоро андешид. Соли 2019 дар доираи амалисозии Стратегияи зикршуда аз ҷониби ВҲК ҶТ дар як қатор минтақаҳои ҷумҳурӣ, аз ҷумла шаҳри Душанбе, ноҳияҳои Рӯшону Шуғнони ВМКБ, ноҳияҳои Ҷ. Балхӣ ва Дӯстии вилояти Хатлон, ноҳияҳои Кӯҳистони Мастчоҳ ва Б. Ғафурови вилояти Суғд ва ноҳияҳои Рашт ва Лахш сафарҳои корӣ анҷом дода шуда, зимни сафарҳои мазкур дар 5 муассисаҳои тиббӣ, 12 муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва 6 муассисаҳои будубоши доимии кӯдакон мониторингҳо гузаронида шуданд.

Дар мизи мудаввар натиҷаи мониторинги фаъолияти муассисаҳои зикршуда мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор дода шуда, аз натиҷаи онҳо ба вазорату идораҳои дахлдор тавсияҳои асоснок пешниҳод карда мешаванд.

Хадамоти матбуотии ВҲИ ҶТ


Эмомалӣ Раҳмон

Сухани Президент-3 Сухани Президент-4 Сухани Президент-5 Сухани Президент-6 Сухани Президент-1 Сухани Президент-2 Сухани Президент-7

Сухани Президент-3

Бо мақсади таъмини ҳифзи ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамоям, ки институти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак таъсис дода шавад. Э.Раҳмон

Сухани Президент-4

Таълиму тарбияи кӯдакону наврасон яке аз масъалаҳои муҳими сиёсати иҷтимоии давлат ба ҳисоб меравад. Э.Раҳмон

Сухани Президент-5

Агар мо хоҳем, ки Тоҷикистонро дар оянда ободу осуда гардонем, имрўз бояд барои наврасону ҷавонони соҳибистеъдоди ҷўянда шароит фароҳам оварем. Э.Раҳмон

Сухани Президент-6

Воқеан, кӯдакон ояндаи осудаву ободи ҳар як миллат, сарвати бебаҳои ҳар як оила, ҷомеа ва давлат ба шумор мераванд ва онҳо бахту саодати рӯзгори ҳар як падару модар мебошанд. Э.Раҳмон

Сухани Президент-1

Кӯдакони имрӯза фардо ҳамчун насли ватандӯст ва номбардори Тоҷикистони азизамон ба воя мерасанд. Э.Раҳмон

Сухани Президент-2

Имрӯз барои таълиму тарбияи кӯдакону наврасон тамоми шароит муҳайё гардидааст. Э.Раҳмон

Сухани Президент-7

Наврасону ҷавонони моро зарур аст, ки ба қадри сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва истиқлолу озодӣ расанд ва ҳамчун насли ояндасоз ба хотири ҳифзу таҳкими дастовардҳои он саъю талош намоянд. Э.Раҳмон

Назарпурсӣ

Сабабу омилҳои ба оворагардӣ машғул шудани наврасонро дар чӣ мебинед?

girl boy

Омодакунандаи сомона DarAmal