ПАХШ / ХОМӮШ: АКСҲО: ҲУРУФ: A A A ПАСНАМО: Ц Ц Ц Ц

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак
дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

МЕНЮ

girl boy2

Тақвими хабарҳо

Март 2020
Дн Сш Чн Пш Ҷм Шб Ян
24 25 26 27 28 29 1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31 1 2 3 4 5

girl boy3

3
марти
2020

Пратибҳа Меҳта: «Ташаббуси дуюми Тоҷикистон марбут ба об барои расидан ба Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола мусоидат намуд». Бахшида ба 28-солагии узвияти Тоҷикистон дар СММ

ДУШАНБЕ, 02.03.2020. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз ба узвияти Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид (СММ) 28 сол пур мешавад. Маҳз 2 марти соли 1992 зимни иҷлосияи 46-уми Маҷмаи Умумии СММ тибқи қатъномаи 46/224 Тоҷикистон чун мамлакати соҳибистиқлол ба узвияти СММ ҳамроҳ гардид. Дар давраи начандон дарози узвият Тоҷикистон дар созмони мазкур 4 ташаббуси ҷаҳонии марбут ба обро пешниҳоди ҷомеаи ҷаҳон гардонид. Пешниҳоди ин ташаббусҳо имкон дод, ки таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ҷанбаи экологии об бештар гардад. Дар робита ба нақши Тоҷикистон дар татбиқи иқдомҳои ҷаҳонии марбут ба об ва саҳми Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид (БРСММ) дар ҳалли мушкилоти экологии мамлакат хабарнигори АМИТ «Ховар» Манижа БАҲРОМЗОДА бо намояндаи доимии БР СММ дар Тоҷикистон хонум Пратибҳа МЕҲТА  мусоҳиба анҷом дод.
 
АМИТ «Ховар»: Хонум Пратибҳа Меҳта, Шумо нақши Тоҷикистонро дар амалигардонии ҳадафҳои СММ марбут ба ҳалли мушкилоти об чӣ гуна арзёбӣ мекунед?
Пратибҳа Меҳта: Аз узвияти Тоҷикистон дар СММ аллакай 28 сол сипарӣ мегардад. Дар ин муддат Тоҷикистон тавонист дар баррасии масъалаи об ва  мусоидат намудан ба ҳамкории байналмилалии марбут ба об нақши муҳими роҳбарикунанда ишғол намояд. Тавре мо медонем, аз норасоии оби тозаи ошомиданӣ 40% — и аҳолии ҷаҳон танқисӣ мекашанд. Ин дар ҳолест, ки аҳолии сайёра сол  то сол рӯ ба афзоиш  дорад.
Қабл аз ҳама, нақши Тоҷикистон ҳамчун мамлакати роҳбарикунандаи об дар сатҳи байналмилалӣ дар он зоҳир мегардад, ки маҳз ташаббуси дуюми Тоҷикистон, яъне Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт”, солҳои 2005-2015 барои расидан ба Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола мусоидат намуд. Дар баробари ин, Даҳсолаи дуввуми байналмилалии марбут ба об таҳти унвони “Об барои рушди устувор”, солҳои 2018-2028 барои расидан ба Ҳадафҳои Рушди устувор, бахусус ҳадафи шашуми он, ки ба масъалаи об вобаста аст, мусоидат хоҳад кард.
Инро низ бояд илова намуд, ки дар сатҳи миллӣ  Тоҷикистон барои кам кардани омилҳои мусоидаткунанда ба иамуд, ки аи об вобаста аст, ба тағйирёбии иқлим ва мутобиқшавӣ ба он ҳам тадбирҳои зарурӣ меандешад. Он дар идоракунии танзими об ҷиҳати беҳтар намудани дастрасӣ ба оби ошомиданӣ дар ҳудуди мамлакат, аз ҷумла, дар ноҳияҳои хоҷагидор, ки он ҷо дастрасии пурра ба об ва санитария вуҷуд надорад, корҳои мушаххас анҷом медиҳад.
Чунин тадбирҳоро Ҷумҳурии Тоҷикистон инчунин дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ низ роҳандозӣ намуда, дар кам кардани мушкилоти дастрасии хонандагон ба оби ошомиданӣ ва санитария саҳмгузор аст, ки ин барои кӯдакон хеле муҳим мебошад.
Мо хуб медонем, ки об манбаи ҳаёт буда, бидуни он мавҷудияти одамон, ҳайвонот ва кишоварзӣ имконнопазир аст. Аз ин рӯ, масъалаи об ниҳоят муҳим ба ҳисоб меравад, ки Тоҷикистон роҳбарии онро ба уҳда гирифта,  барои қабули ду  қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ мусоидат намудааст. Феълан мо дар амалӣ гардонидани қатъномаи дуюм, ки Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор”, солҳои 2018-2028  ном дорад, қарор дорем ва Тоҷикистон муколамаи байналхалқӣ оид ба амалӣ намудани  истифодаи  устувори обро оғоз намудааст.
АМИТ «Ховар»: То кунун БР СММ дар Тоҷикистон барои амалӣ гардонидани лоиҳаҳои вобаста ба ҳалли мушкилоти об дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат чӣ корҳо ба анҷом расонидааст?
Пратибҳа Меҳта: Дар баробари он ки Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз мамлакатҳои ташаббускори ҳалли мушкилоти об маҳсуб мешавад, он дар навбати худ яке аз давлатҳои осебпазир аз офатҳои табиӣ ба ҳисоб рафта, ҳамасола аз  ҳодисаҳои табиӣ зарар мебинад. Аз ин рӯ, Тоҷикистон барои пешгирии офатҳои табиӣ тадбирҳои мушаххас андешида, кӯшиш менамояд, то ҷомеаро бовар кунонад, ки дар чунин ҳолат ҳаёти касе зери хатар нахоҳад монд.
Аз нуқтаи назари рушди устувор, тағйирёбии иқлим ва неруи барқ  Ҷумҳурии Тоҷикистон афзалияти бештар дорад, аммо ҳамзамон бояд корҳои зиёдеро низ ба анҷом расонид, зеро бар асари тағйирёбии иқлим пиряхҳо дар Тоҷикистон хеле зуд об шуда, метавонанд барои соҳаи истеҳсолоти хоҷагии халқ, таъмини обу неруи барқ ва дигар соҳаҳои муҳим  оқибати ҷиддӣ дошта бошанд.
Об барои ҳамаи ташкилотҳои СММ дар Тоҷикистон яке аз масъалаҳои  асосӣ ба ҳисоб рафта, дар навбати худ ин ташкилотҳо лоиҳаҳои гуногуни вобаста ба обро амалӣ мекунанд. Аз ҷумла, БРСММ сиёсати ислоҳотиро барои беҳтар намудани идоракунии захираҳои об, таъминоти об, инчунин гузоштани асосҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ ва нархгузории об дар Тоҷикистон амалӣ намудааст. Дар сатҳи маҳаллӣ БРСММ барои сохтмони инфрасохтори коммуналӣ кумак намудааст, ки он барои таъмини оби ошомидании беш аз 15 000 нафар аҳолии Тоҷикистон мусоидат кардааст. Дар баробари ин, Барномаи мо инчунин барои пешгирӣ намудани хавфи офатҳои табиӣ, махсусан ҳангоми обхезӣ ва сел ба Тоҷикистон кумак расонидааст.
Мо инчунин нақши Тоҷикистонро дар сатҳи байналмилалӣ низ дастгирӣ менамоем. Аз ҷумла, барои ташкили конфронсҳое, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон то имрӯз дар сатҳи байналмилалӣ доир намудааст,  мо беш аз 1 млн. доллари амрикоӣ кумак намудаем. Дар сатҳи минтақавӣ мо ташаббусҳо оид ба паст кардани хавфи  офатҳои табииро амалӣ намуда, Тоҷикистон ва дигар кишварҳои минтақаро барои идоракунии офатҳои табиӣ ҷонибдорӣ намудаем.
ЮНИСЕФ дар навбати худ таъмини оби ошомиданӣ ва санитарияро дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Тоҷикистон  амалӣ намуда, Барномаи озуқаворӣ ва хоҷагии халқ (ФАО) саҳми худро дар беҳтар намудани фаъолияти ирригатсионӣ ва  усулҳои беҳтарини хоҷагидорӣ мегузорад. Ногуфта намонад, ки БРСММ 10 млн. доллари амрикоиро барои идоракунии беҳтари захираҳои об дар ҳавзаи дарёи Кофарниҳон бо мақсади мутобиқшавии мамлакат ба тағйирёбии иқлим ҷудо кардааст, ки он аллакай амалӣ мешавад.
АМИТ «Ховар»: Дар масъалаи баланд бардоштани маърифати экологии ҷомеа аз ҷониби БРСММ то кунун чӣ тадбирҳо андешида шудаанд?
Пратибҳа Меҳта: Ҳар яки мо новобаста аз шакли фаъолият бояд нисбат ба  ҳифзи муҳити зист бетарафӣ зоҳир накунем. Мо ташаббуси наверо амалӣ намудем, ки он  ҷавононро ба  дарки муҳити зист ва ҳифзи он даъват мекунад. Мо асосан бо ҷавонони донандаи хуби барномаҳои компютерӣ ҳамкорӣ намуда, тавассути навгониҳо аз ҷониби онҳо дар устувории экология саҳм мегузорем.
Азбаски насли ҷавон фаъолият оид ба масъалаҳои экологиро дӯст медорад, аз ин рӯ ман фикр мекунам, ки дар ин самт мо корҳои зиёдеро метавонем анҷом диҳем. Аз ҷумла, соли гузашта мо  филми нахустини мубориза бар зидди тағйирёбии иқлимро пешниҳод намудем, ки ба он наворбардорон низ ҷалб шудаанд. Ҳадафи мо аз пешниҳоди филм он  буд, ки ин наворбардорон наворе сабт намоянд, ки бевосита ба ҳифзи муҳити зист бахшида шуда бошад. Ҳамчунин мо бо аҳолӣ, рӯзноманигорон ва дигар нафароне, ки метавонанд барои тарғиби ҳифзи муҳити зист саҳмгузор бошанд, ҳамкорӣ менамоем.
Ҳаминро бояд илова намоям, ки мо танҳо ба сухан машғул намешавем, балки онро дар амал низ татбиқ мекунем. Чун ҳар касе, ки вориди бинои БРСММ дар Тоҷикистон мешавад, пеш аз ҳама, таваҷҷуҳаш ба ду қуттии партов, ки дар яке қуттӣ “барои қоғаз” ва дар дигараш қуттӣ “барои ашёи пластикӣ” навишта шудааст, ҷалб мешавад. Ин пеш аз ҳама, ба хотири ҷудо намудани партов ба навъҳо ба хотири кам шудани он мебошад.
Дуввум, барқе ки мо дар идораамон истифода мебарем, энергияи сабз мебошад, яъне мо бештар барқро тавассути панелҳои офтобӣ таъмин мекунем. Саввум, дар аксарияти конфронсҳое, ки мо мегузаронем, кӯшиш менамоем обҳои ошомиданиро дар зарфҳои шишагӣ нигоҳ  дорем, на зарфҳои пластикӣ. Ин ба он хотир аст, ки мо мехоҳем зиёд шудани партовҳои пластикиро пешгирӣ намоем. Умуман БРСММ дар Тоҷикистон мехоҳад бо амалҳои дар боло зикршуда дар нигоҳдории муҳити тоза ва “сабз”, пеш аз ҳама, худ намунаи ибрати дигарон бошад.
АМИТ «Ховар»: Омодагии БРСММ дар Тоҷикистон ба Конференсияи дуюми байналмилалии об, ки 18-19 июни соли 2020 дар шаҳри Душанбе доир мегардад, чӣ гуна аст?
Пратибҳа Меҳта: БРСММ барои ташкили чорабиниҳои сатҳи байналмилалӣ ба Тоҷикистон ҳамеша кумак мерасонад ва ин навбат низ мо барои гузаронидани Конфронси байналмилалии об  саҳм мегузорем. Мо аллакай маблағи муайянеро барои гузаронидани ин чорабинии сатҳи байналмилалӣ ҷудо кардем.
То баргузории конфронси дуввуми байналмилалии об, албатта, боз чорабиниҳои зиёде оид ба инъикоси масъалаҳои гуногуни марбут ба об низ доир мегарданд, ки дар гузаронидани бештари онҳо мо саҳм мегузорем. Аз ҷумла, котиботи ташкилкунандаи ин конфронс ва ҷаласаи роҳбарияти котибот, ки барои омода кардани рӯзномаи конференсия доир мегарданд,  аз  ҷониби БРСММ дастгирӣ хоҳанд ёфт. Мо ҳамчунин меҳмонони зиёди сатҳи байналмилалӣ, аз ҷумла намояндагони расмии СММ-ро  қабул хоҳем кард.
Мо фикр мекунем, ки баргузории Конференсияи дуввуми байналмилалии об дар шаҳри Душанбе ташаббуси ниҳоят муҳими Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зери роҳбарии Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Ин як  ҷаласаи сиёсии сатҳи байналмилалӣ буда, ба масъалае бахшида шудааст, ки барои  ҷомеаи ҷаҳон фавқулода муҳим мебошад.
 пратибха 2
ДАР АКС: хонум Пратибҳа Меҳта ҳангоми мусоҳиба бо хабарнигори АМИТ «Ховар»
 

Эмомалӣ Раҳмон

Сухани Президент-3 Сухани Президент-4 Сухани Президент-5 Сухани Президент-6 Сухани Президент-1 Сухани Президент-2 Сухани Президент-7

Сухани Президент-3

Бо мақсади таъмини ҳифзи ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамоям, ки институти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак таъсис дода шавад. Э.Раҳмон

Сухани Президент-4

Таълиму тарбияи кӯдакону наврасон яке аз масъалаҳои муҳими сиёсати иҷтимоии давлат ба ҳисоб меравад. Э.Раҳмон

Сухани Президент-5

Агар мо хоҳем, ки Тоҷикистонро дар оянда ободу осуда гардонем, имрўз бояд барои наврасону ҷавонони соҳибистеъдоди ҷўянда шароит фароҳам оварем. Э.Раҳмон

Сухани Президент-6

Воқеан, кӯдакон ояндаи осудаву ободи ҳар як миллат, сарвати бебаҳои ҳар як оила, ҷомеа ва давлат ба шумор мераванд ва онҳо бахту саодати рӯзгори ҳар як падару модар мебошанд. Э.Раҳмон

Сухани Президент-1

Кӯдакони имрӯза фардо ҳамчун насли ватандӯст ва номбардори Тоҷикистони азизамон ба воя мерасанд. Э.Раҳмон

Сухани Президент-2

Имрӯз барои таълиму тарбияи кӯдакону наврасон тамоми шароит муҳайё гардидааст. Э.Раҳмон

Сухани Президент-7

Наврасону ҷавонони моро зарур аст, ки ба қадри сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва истиқлолу озодӣ расанд ва ҳамчун насли ояндасоз ба хотири ҳифзу таҳкими дастовардҳои он саъю талош намоянд. Э.Раҳмон

Назарпурсӣ

Оид ба таҳсили кӯдакони маъюб бо ҳамсолонашон дар муассисаҳои таълимии ҳамагонӣ чӣ ақида доред?

girl boy

Омодакунандаи сомона DarAmal