ПАХШ / ХОМӮШ: АКСҲО: ҲУРУФ: A A A ПАСНАМО: Ц Ц Ц Ц

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак
дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

МЕНЮ
30
апрели
2020

Саломатии насли наврас омили муҳими таъмин намудани ояндаи миллат

Ҳифзи саломатӣ ва рушди кӯдак дар маркази таваҷҷуҳи доимии Ҳукумати ҷумҳурӣ қарор дорад, зеро саломатии аҳолӣ ва хусусан насли наврас яке аз омилҳои муҳими таъмин намудани ояндаи миллат, бехатарии давлат ва рушди ҷомеа арзёбӣ мегардад. Ҳуҷҷатҳои зиёди барномавӣ дар ин соҳа  амалӣ шуда истодаанд. Кодекси тандурустии ҶТ, Стратегияи миллии солимии аҳолии ҶТ барои солҳои 2010-2020, Барномаи миллии иммунопрофилактика дар ҶТ барои солҳои 2016-2020, Консепсияи беҳтар намудани ғизои мактабӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии ҶТ, Барномаи миллӣ оид ба муқовимат ба вируси норасоии масунияти одам барои солҳои 2017-2020 ва ғайраҳо аз ҷумлаи чунин ҳуҷҷатҳо мебошанд.
 
Ҳукумати ҶТ барои солим нигоҳ доштани шаҳрвандон тамоми шароитҳоро фароҳам оварда истодааст, ки албатта натиҷаҳои он назаррасанд. Дар натиҷаи андешидани чораҳои зарурӣ дар солҳои охир сатҳи фавти модарону кӯдакон таназзул ёфт. Теъдоди шахсони мубталои бемориҳои сироятӣ тавассути гузаронидани ваксинаҳо кам гардид.
Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии ҶТ аз 26.12.2019 таъкид карданд:“Дар замони соҳибистиқлолӣ нишондиҳандаи умумии фавт қариб ду баробар, аз ҷумла фавти кӯдакони синни то панҷсола 3,2 баробар кам шудааст. Дар ин давра аҳолии Тоҷикистон аз панҷуним миллион қариб ба 9,5 миллион нафар расида, беш аз 70 фоиз афзудааст”
Тибқи маълумотҳои ВТҲИА ҶТ соли 2019 дар ҷумҳурӣ 246175 кӯдак таваллуд шудааст, ки аз ин шумора 125 549 нафар писар ва 120 626 нафарашон духтар мебошанд. 
Андешидани чораҳои ташкилию амалии хусусияти тиббӣ, иҷтимоӣ ва таълимидошта боис шудааст, ки нишондиҳандаи фавти кӯдакон дар солҳои охир ба таври назаррас кам гардад. Соли 2019 дар миқёси ҷумҳурӣ 2180 нафар кӯдакони синни то 1-сола фавтидаанд, ки нисбат ба соли 2018 143 нафар камтар аст.
Яке аз омилҳое, ки ба саломатии кӯдак таъсир мерасонад, ғизои солим ба ҳисоб меравад. Ғизои дуруст ба инкишофи муътадили ҷисмонию фикрии кӯдакону наврасон мусоидат мекунад. Ғизои нокифоя кӯдакро аз рушду инкишоф бозмедорад, муқобилияти узвҳоро ба бемори суст менамояд. Кӯдакон ва наврасон бояд мувофиқи талаботи ба моддаҳои ғизонок доштаи организм, инчунин аз руи таносуби дурусти байни моддаҳои ғизо хӯрок истеъмол намоянд.
Ғизои солим барои рушду инкишофи ҷисмонию равонии кӯдакон аҳамияти муҳим дорад ва истеъмоли ғизои носолим ва танзимнашуда яке аз сабабҳои асосии афзоиши бемориҳои ғайрисироятӣ ва фавти модару кӯдак ба ҳисоб меравад.
Норасоии ғизо метавонад ба камхунӣ, бо вазни кам таваллуд шудани кӯдакон, суст шудани инкишофи ҷисмониии онҳо, осеб дидани мағзи сар, суст шудани қобилияти худмуҳофизатии организм оварда расонад. 
Тибқи маълумотҳои ВТҲИА ҶТ соли 2019 дар ҷумҳурӣ 13356 (соли 2018 14 178) кӯдаки камвазн таваллудшуда ба қайд гирифта шудааст.
 Бо мақсади ҳифзи саломатии аҳолии кишвар, аз ҷумла кӯдакон тавассути беҳтар намудани ғизо ва фаъолияти ҷисмонии онҳо дар ҷумҳурӣ Консепсияи беҳтар намудани ғизои мактабӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии ҶТ бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 28 феврали соли 2015 №102 тасдиқ гардидааст, ки  механизми татбиқи сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бахши рушди ғизои мактабӣ муайян менамояд. Дар баробари ин Стратегияи рушди устувори ғизои мактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2027 бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 29 сентябри соли 2017 №456 тасдиқ карда шудааст.
Дар доираи амалисозии Стратегияи ВҲК барои солҳои 2018-2020 тибқи Барномаи амали мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) ҷиҳати муайян намудани вазъи риояи ҳуқуқи кӯдакон ба  ҳифзи саломатӣ соли 2019 аз ҷониби Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар 4 ширхоргоҳ-кӯдакистонҳои шаҳри Душанбе, 4 мактаб-интернатҳо ва 9 муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар робита бо муайян намудани вазъи дастрасии кӯдакон ба ғизои солим ошхонаҳои муассисаҳои зикргардида мавриди санҷиш қарор дода шуданд.
Вазъи дастрасӣ ба ғизо дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, хусусан дар деҳот беҳбудиро тақозо менамояд. Зеро на дар ҳамаи ин муассисаҳо ошхонаҳо ба талаботи  санитарию гигиенӣ ҷавобгӯ буда, сифати хӯрока ва калориянокии он ба таври зарурӣ ба роҳ монда нашудааст. 
Солҳои охир дар назди мактабҳо мағозаву дӯконҳои хӯрокҳои тезтайёр бисёр шудаанд, ки аз онҳо мактаббачаҳо нӯшокиҳои газнок, инчунин хӯрокҳои ба саломатии онҳо зарароварро харида, истеъмол мекунанд. Мақсади беҳтар намудани ғизои мактабӣ ин кам кардани шумораи чунин дӯконҳо дар назди мактабҳо мебошад, то дар оянда кӯдакон аз хӯроки гарму нӯшокиҳои безарар истеъмол намоянд.
Таъмини мактаббачагон бо ғизо ба оилаҳои онҳо имконият медиҳад, то даромадҳоеро, ки барои харидани хӯрокворӣ хароҷот мекунанд, сарфа намоянд ва ба фарзандони онҳо ҳар рӯз як миқдори муайяни  хӯроки  серғизоро кафолат медиҳад. Ин дар навбати худ барои оилаҳои гирифтори норасоии маводи озуқаворӣ ва табақаҳои камбизоати манотиқи деҳот  кӯмаки саривақтӣ мебошад.
Тарзи зисту зиндагии инсон барои муҳофизат ва мустаҳкам намудани саломатӣ нақши асосӣ дорад. Ташаккули тарзи ҳаёти солим ва муносибати масъулиятнок нисбат ба саломатии худ ба сатҳи маърифату маданияти ҳар як шахс вобаста мебошад. Бинобар ин, солим будан бояд талаботи ботинии ҳар як инсон бошад.
                                                                                                 
     Машрабзода А. - мутахассиси пешбари  Шуъбаи ҳифзи давлатии
ҳуқуқҳои кӯдаки Дастгоҳи
Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон
дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
 

Эмомалӣ Раҳмон

Сухани Президент-3 Сухани Президент-4 Сухани Президент-5 Сухани Президент-6 Сухани Президент-1 Сухани Президент-2 Сухани Президент-7

Сухани Президент-3

Бо мақсади таъмини ҳифзи ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамоям, ки институти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак таъсис дода шавад. Э.Раҳмон

Сухани Президент-4

Таълиму тарбияи кӯдакону наврасон яке аз масъалаҳои муҳими сиёсати иҷтимоии давлат ба ҳисоб меравад. Э.Раҳмон

Сухани Президент-5

Агар мо хоҳем, ки Тоҷикистонро дар оянда ободу осуда гардонем, имрўз бояд барои наврасону ҷавонони соҳибистеъдоди ҷўянда шароит фароҳам оварем. Э.Раҳмон

Сухани Президент-6

Воқеан, кӯдакон ояндаи осудаву ободи ҳар як миллат, сарвати бебаҳои ҳар як оила, ҷомеа ва давлат ба шумор мераванд ва онҳо бахту саодати рӯзгори ҳар як падару модар мебошанд. Э.Раҳмон

Сухани Президент-1

Кӯдакони имрӯза фардо ҳамчун насли ватандӯст ва номбардори Тоҷикистони азизамон ба воя мерасанд. Э.Раҳмон

Сухани Президент-2

Имрӯз барои таълиму тарбияи кӯдакону наврасон тамоми шароит муҳайё гардидааст. Э.Раҳмон

Сухани Президент-7

Наврасону ҷавонони моро зарур аст, ки ба қадри сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва истиқлолу озодӣ расанд ва ҳамчун насли ояндасоз ба хотири ҳифзу таҳкими дастовардҳои он саъю талош намоянд. Э.Раҳмон

Назарпурсӣ

Кӯдаконро аз чӣ бояд ҳифз кард?

girl boy

Омодакунандаи сомона DarAmal