ПАХШ / ХОМӮШ: АКСҲО: ҲУРУФ: A A A ПАСНАМО: Ц Ц Ц Ц

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак
дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

МЕНЮ

girl boy2

girl boy3

12
майи
2020

ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ… Мардуми бо илму адаб решапайванди тоҷик ҳатто дар солҳои 1941-1945 аз омӯзишу хониш дур намондаанд

ДУШАНБЕ, 09.05.2020. /АМИТ «Ховар»/. Дар зарфи панҷ соли Ҷанги  бузурги ватанӣ (1941-1945) ба Китобхонаи ба номи Абулқосим Фирдавсӣ  646 ҳазору 302 нафар ташриф оварда, 291 ҳазору 54 китоб дархост кардаанд. Дар ҳамин панҷ сол бахши Абонементи байни китобхонаҳо барои мутолиа дар хона ба ниёзмандон 67 ҳазору 377 китоб додааст.
 
 
Танҳо овардани ин омори хизматрасонии Китобхонаи ба номи Абулқосим Фирдавсӣ дар солҳои Ҷанги дуюми ҷаҳон  кофист, ки бидонем сокинони пойтахт ва навоҳии атрофи он ҳатто дар мудҳиштарин солҳо низ даст аз хондан ва мутолиа набардоштаанд.
 
Аз ин омор ба хулоса омад, ки сарфи назар аз айёми тираи ҷанг ва рӯзгори нобасомони мамлакат мардуми ба адабу илм решапайванд доштаи тоҷик ҳамзамон бо фидокориҳо дар ҷабҳаи ҷангу ақибгоҳ аз омӯзишу хониш  дур намондааст, ки боиси ифтихор аст. Инро дар мисоли фаъолияти китобхонаҳои он замони ҷумҳурӣ равшан дидан мумкин аст. Омори хизматрасонии солҳои Ҷанги дуюми ҷаҳон чунин аст:
 Kitobhoni 1 1
 
 
Сол Омадурафт Диҳишикитоб АБК
1941 161.661 265.284 9.489
1942 170.462 4311 18.572
1943 172.910 310.888 19.323
1944 141.269 291.057 19.993
 
 
Инчунин дар солҳои ҷанг хонандагон 18 ҳазору 877 маълумоти хаттию шифоҳии библиографӣ дарёфт кардаанд.
 
Ҳоло дар бойгонии Китобхонаи миллии Тоҷикистон даҳҳо номгӯй китобҳо ва ҳазорон мақолаву гузоришотро метавон пайдо кард, ки аз ҳаёти қаҳрамонони ҷанг қисса мекунанд, ривоятгари он рӯзу моҳу солҳои мудҳишанд. Ҳарчанд имрӯз аз анҷоми музаффаронаи ин ҷанг 75 сол мегузарад, вале ёдҳо ҳамоно ҷавонанд, аз он солҳо хотироте зиёде ба имрӯзиён боқӣ мондаанд.
 
 Kitobhoni 4 1
 
 
ДАР АКСҲО: Шаҳри Душанбе (собиқ Сталинобод) дар солҳои Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ низ аз китобу таълим ва илму маърифат дур набуд.
 
Аз қадимулайём шиносномаи миллати тоҷик меваи илму адабиёт – китоб буд. Хушбахтона, дар тӯли асрҳо, ҳатто дар замони ҷангҳои харобиовар ва ҳамлаи душманони фарҳангсӯз фарзандони боистеъдод ва баору нангамон хомаро аз даст нагузоштанд ва шоҳкориҳо ба ёдгор монданд.
 Kitobhoni33
Дар шароите, ки ҷаҳон,  аз ҷумла Тоҷикистонро пандемияи коронавирус фаро гирифтааст ва барои инсоният дар хона шиштану аз ҷойҳои серодам канора гирифтан тавсия шудааст, мутолиаи китоб беҳтарин васила аст. Зеро  китоб-арзандатарин дурри ноёб, калиди асрори илму хирад, оромкунандаи рӯҳу ҷон, ҳамсуҳбати беминнат ва ҳамнишини бовафо аст.
 
Бузургон мегӯянд, ки барои хонандаи ҳақиқӣ шудан ягон воқеаи муҳим: бевафоии ёр, ғам, ҳаводиси ҷиддии олам боис мешавад. Дар чунин ҳолатҳо як тоифа одамон ба китоб рӯ меоранд. Китобҳо ҳам ба мисли ёри бовафо, ҳамсуҳбати беранҷ ба ёрии онҳо мешитобанд. Рафта-рафта лаззати китоб барои онҳо ба мисли худи ҳаёт ширин шуда, онҳоро шадидан ба оғӯш мегирад. Он вақт кас ҳамроҳ бо китоб саёҳат мекунад. Ин сайёҳат бо тамоми кайфияташ моро ба айёмҳо мебарад. Ва мо як муддате ҳаёти хешро ба фаромушӣ дода, бо симоҳои нексиришти мардумони ҷаҳон шинос мешавем. Гоҳ дар шимол, гоҳ дар ҷануб ва гоҳе орому гоҳе ба ҳаяҷон ҳамсуҳбати онҳо мешавем. Мо бо ҳусният, бо табассум дӯстдори онҳое хоҳем шуд, ки аз паси кори нек, барои ишқи пок, барои ҷавонмардӣ сӯйи орзуҳои хеш меравем. Ин аст рисолати китоби хуб ва хонандаи ҳақиқӣ.
 
Дар замони муосир, бо пешрафти илму техника  ва бо пахши як тугмача аз тариқи шабакаҳои интернетӣ мо аз китобхонаҳои электронӣ беҳтарин адабиёти ватанӣ ва хориҷиро метавонем дастрас кунем. Он асарҳое, ки барои иштирокчиёни озмуни ҷумҳуриявии «Фурўғи субҳи доноӣ…» тавсияшудаанд, метавонанд дар ин шабу рӯз барои тамоми қишри ҷомеа беҳтарин роҳнамо барои мутолиагарданд.Китоб ганҷина аст ва китобхон касест, ки ҳамин ганҷинаро мебардорад. Тавассути мутолиаи китоб инсон аз бадахлоқӣ, муҳтоҷӣ, ғаму дард, беморӣ, парешонӣ ва ғайраҳо озод мегардад.
 
 
 
Мавҷуда АНВАРӢ,
 АМИТ «Ховар»

Эмомалӣ Раҳмон

Сухани Президент-3 Сухани Президент-4 Сухани Президент-5 Сухани Президент-6 Сухани Президент-1 Сухани Президент-2 Сухани Президент-7

Сухани Президент-3

Бо мақсади таъмини ҳифзи ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамоям, ки институти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак таъсис дода шавад. Э.Раҳмон

Сухани Президент-4

Таълиму тарбияи кӯдакону наврасон яке аз масъалаҳои муҳими сиёсати иҷтимоии давлат ба ҳисоб меравад. Э.Раҳмон

Сухани Президент-5

Агар мо хоҳем, ки Тоҷикистонро дар оянда ободу осуда гардонем, имрўз бояд барои наврасону ҷавонони соҳибистеъдоди ҷўянда шароит фароҳам оварем. Э.Раҳмон

Сухани Президент-6

Воқеан, кӯдакон ояндаи осудаву ободи ҳар як миллат, сарвати бебаҳои ҳар як оила, ҷомеа ва давлат ба шумор мераванд ва онҳо бахту саодати рӯзгори ҳар як падару модар мебошанд. Э.Раҳмон

Сухани Президент-1

Кӯдакони имрӯза фардо ҳамчун насли ватандӯст ва номбардори Тоҷикистони азизамон ба воя мерасанд. Э.Раҳмон

Сухани Президент-2

Имрӯз барои таълиму тарбияи кӯдакону наврасон тамоми шароит муҳайё гардидааст. Э.Раҳмон

Сухани Президент-7

Наврасону ҷавонони моро зарур аст, ки ба қадри сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва истиқлолу озодӣ расанд ва ҳамчун насли ояндасоз ба хотири ҳифзу таҳкими дастовардҳои он саъю талош намоянд. Э.Раҳмон

Назарпурсӣ

Кӯдаконро аз чӣ бояд ҳифз кард?

girl boy

Омодакунандаи сомона DarAmal