ПАХШ / ХОМӮШ: АКСҲО: ҲУРУФ: A A A ПАСНАМО: Ц Ц Ц Ц

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак
дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

МЕНЮ

girl boy2

girl boy3

9
апрели
2020

ДУШАНБЕ, 09.04.2020 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 700-солагии шоири ширинкаломи тоҷик Хоҷа Камоли Хуҷандӣ Муассисаи давлатии «Маркази илмии Камоли Хуҷандӣ» китоби наверо бо номи «Камол дар оинаи тазкираҳо» нашр намуд. Китоби мазкур аз ҷониби кормандони ҷавони марказ Иззатбек Шехимов ва Зоҳирҷон Юсупов таҳия гардидааст. Дар ин бора хабарнигори АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти раиси вилоти Суғд иттилоъ медиҳад.

9
апрели
2020

ДУШАНБЕ, 09.04.2020. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар саҳни Донишкадаи фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» таҳти унвони «Тараннумгари сухан» ба анҷом расид. Беҳтаринҳои иштирокдорони он аз  рӯи панҷ номинатсия сазовори мукофот ва ифтихорнома гардиданд. Дар озмунҳои «Хабарнигорон барои беҳтарин инъикоси таҷрибаи коллективҳои меҳнатӣ оид ба тарғиби китоб ва рушди хониш дар ВАО» хонандаи синфи 10-и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №53-и ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе Саидамир Боқиев, «Ровиёни ҷавон» хонандаи синфи 5-и  муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №7, шаҳри Ҳисор Мумтоз Ҳакимова,  расмҳо аз рӯи асарҳои кӯдакона «Китобчаи дӯстдоштаи ман» хонандаи синфи 2 Литсейи давлатии Ориёнои  шаҳри Бохтар Ислом Эгамбердиев,  «Фаъолтарин хонанда»  хонандаи синфи 2 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №5-и  шаҳри Хоруғ Садиқа Саховатпешаева  ва  «Машҳуртарин нависандаи кӯдакон» нависанда Насим Раҷаб сазовори ҷои аввал дониста шуданд.

6
апрели
2020

Бобоҷон Ғафуров - Қаҳрамони Тоҷикистон, арбоби сиёсию давлатӣ, муаррихи барҷаста, шарқшиноси машҳури тоҷик, доктори илми таърих, профессор, узви пайвастаи АИ Тоҷикистон (1951), узви пайвастаи АИ Иттиҳоди Шӯравӣ (1968), Ходими хизматнишондодаи илми Ҷумҳурии Тоҷикистон (1967).

3
апрели
2020

Камолиддин Масъуди Хуҷандӣ (порсӣ: کمالالدین مسعود خُجندی ) — маъруф ба Шайх Камол аз орифон ва шоирони порсигӯи садаи XIV милодӣ аст.

3
апрели
2020

ҲИСОР, 03.04.2020. /АМИТ «Ховар»/. Дар асоси нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дирӯз бо иштироки муовини Сарвазири мамлакат Ширин Исматуллозода ва раиси шаҳри Ҳисор Шарифҷон Ҷумъазода бинои иловагии муассисисаи томактабии №7-и шаҳраки Ҳисор мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Омодакунандаи сомона DarAmal