ПАХШ / ХОМӮШ: АКСҲО: ҲУРУФ: A A A ПАСНАМО: Ц Ц Ц Ц

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак
дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

МЕНЮ

girl boy2

girl boy3

20
марти
2020

Ҳамватанони азиз!
 
Боиси ифтихор ва шарафмандист, ки Шуморо ба муносибати фарорасии Рӯзи байналмилалии Наврӯзи хуҷастапай табрику таҳният намоем.

19
марти
2020

Рӯзҳои 16-18 марти соли ҷорӣ бо ташаббуси Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар якҷоягӣ бо Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе дар доираи татбиқи Барномаи таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон барои солҳои 2013-2020, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №678 аз 3 декабри соли 2012 тасдиқ шудааст, барои шахсони тамоси вазорату идораҳо тренинг гузаронида шуд.

19
марти
2020

18.03.2020, шаҳри Душанбе
Донишмандон ва зиёиёни гиромӣ!
Ҳамватанони азиз!
 
Мулоқоти мо бо аҳли илми кишвар дар остонаи ҷашни байналмилалии Наврӯз — соли нави аҷдодии мардуми ориёӣ баргузор мегардад.
 
Фарорасии фасли зебои баҳор ва ҷашни бузурги миллиро ба шумо, аҳли илму маориф, зиёиёни эҷодкор ва тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон, ҳамватанони бурунмарзӣ ва мардумони ҳавзаи тамаддуни Наврӯз самимона табрик мегӯям.

13
марти
2020

ДУШАНБЕ, 13.03.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар мувофиқа бо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзҳои ҷашни байналмилалии Наврӯз ва Соли нави миллӣ барои солҳои 2019-2021 тасдиқ гардид.

13
марти
2020

ДУШАНБЕ, 12.03.2020. /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва иҷрои Амри Сарвари давлат тартиби баргузории Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» миёни гурӯҳҳои хонандагон ва донишҷӯёни муассисаҳои таълимии санъату фарҳанг ва композиторон (оҳангсозон), сарояндагон, овозхонон, навозандагон, ҳунармандон дар соли 2020 ба тасвиб расид. Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» сардори Раёсати санъати Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзоолим Саидов иттилоъ дод.

Омодакунандаи сомона DarAmal