ПАХШ / ХОМӮШ: АКСҲО: ҲУРУФ: A A A ПАСНАМО: Ц Ц Ц Ц

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак
дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

МЕНЮ

girl boy2

girl boy3

RSS-канал

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон. Сомонаи расмӣ
  1. Тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Нақшаи кори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи якуми соли 2019», ки аз 29 декабри соли 2018, №593 тасдиқ шудааст, моҳи майи соли ҷорӣ баргузории конференсияи илмӣ-амалии байналмилалӣ дар мавзӯи “Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: дастовардҳо ва дурнамо” пешбинӣ гардидааст.

  2. Дар асоси ҳамкориҳои судманд бо Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлия рӯзи 7 майи соли 2019 Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак – Ҳабибулозода Р.Ҳ. бо мақсади шиносоӣ аз вазъи ҳуқуқи кӯдакон, ки дар якҷоягӣ бо модарони маҳкумшуда дар Муассисаи ислоҳии ЯС 3/8 СРИҶҶ ВА ҶТ нигоҳдорӣ мешаванд, боздид ба амал овард.

  3. ДУШАНБЕ, 03.05.2019. /АМИТ «Ховар»/. Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз мамлакати ҷангзадаи Ироқ ба Ватан баргардонидани 84 нафар шаҳрвандони ноболиғи тоҷик, ки чанде пеш сурат гирифт, миёни қишрҳои гуногуни ҷомеа ҳамовозӣ ва дастгирӣ ёфт.

  4. Субҳи 2 майи соли равон Раҷабмо Ҳабибулозода – Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар якҷоягӣ бо намояндагони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба осоишгоҳи Харангон дар ноҳияи Варзоб, ки айни замон макони зисти кӯдакон гаштааст, ташриф оварда, аз аҳволи онҳо аз наздик шинос шуд.

  5. Санаи 30 апрели соли 2019 Раҷабмо Ҳабибулозода – Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар якҷоягӣ бо намояндагони мақомоти давлатӣ дар пешвозгирии 84 нафар ноболиғи аз Бағдод ба Тоҷикистон баргардонидашуда иштирок намуд.

  6. 30.04.2019 23:55, шаҳри Душанбе
    Тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаи ҳарчи зудтар ба Ватан баргардонидани ҳамаи кудакон ва ноболиғон – шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ҳамроҳ бо волидон ва оилаҳои гумроҳшудаи худ ҷиҳати пайвастан ба сафи ДИИШ ва дигар нерӯҳои террористию экстремистӣ вориди сарзамини Ироқ шудаанд, мавриди пайгирии ҷиддии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт қарор дорад.

  7. ДУШАНБЕ, 30.04.2019. /АМИТ «Ховар»/. Рӯзҳои наздик бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргардонидани кӯдакони тоҷик аз минтақаҳои ҷангзадаи Шарқи Наздик дар назар аст. Ин иқдом маротибаи чандум аст, ки хуб ба роҳ монда шуда, то ба имрӯз чанд тан аз кӯдакони тоҷик аллакай ба Ватан баргаштаанд. Дар ин росто коршиноси масоили сиёсӣ, корманди масъули Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Зубайдулло ДАВЛАТОВ ақидаҳои худро чунин иброз дошт.

  8. Санаи 26 апрели соли ҷорӣ Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак – Ҳабибулозода Р.Ҳ. дар маросими муаррифии Барномаи нави таълимии фарогир оид ба таҳрезии графикӣ ва дастгирии шуғл барои ҷавонони дорои маъюбият иштирок ва суханронӣ намуд.

  9. Дар доираи амалисозии Стратегияи фаъолияти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2020 ҳамкориҳои Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти мониторинги фаъолияти муассисаҳои таълимии томактабӣ ва миёнаи умумӣ сол аз сол тақвият меёбанд.

  10. Бо мақсади муайян намудани вазъи риояи ҳуқуқи кӯдакон дар муассисаҳои томактабӣ тибқи Барномаи амали мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2019 ва дар доираи амалисозии Стратегияи фаъолияти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2020 мониторинги фаъолияти як қатор кӯдакистонҳо гузаронида шуд.

Назарпурсӣ

Сабабҳои сари вақт ба кўдакон нагирифтани шаҳодатномаи таваллудро дар чӣ мебинед?

girl boy

Омодакунандаи сомона DarAmal